Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедоди сел дар Восеъ


Бар асари туғёни оби рӯдхонаи Ёхсу наздики 200 манзили истиқоматии сокинони ноҳияи Восеъ хароб шуд. Рамазон Неъматов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, пас аз боронгарии ду рӯза, оби рӯдхонаи Ёхсу аз маҷрои худ хориҷ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи ҳисоби фаврӣ дар паи ин обхезӣ 110 манзилӣ истиқоматӣ дар деҳаи Кӯчабоғ комилан хароб шуда, боқӣ зиёни ҷиддӣ дидааст. Ҷаноби Неъматов мегӯяд, аз ду тараф об ворид шуд ва деҳаро дар муҳосира гирифт, ки ин кори онҳоро мушкилтар кардааст.

Вай афзуд, “барои наҷоти мардум тамоми нерӯҳои ғайриҳарбии ноҳияи Восеъ сафарбар шуда аст. Мо талош дорем, то боқимондаи одамоне, ки дар муҳосира мондаанд, наҷот диҳем”.

“Шабро надонистем куҷо рӯз кунем”

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони ин деҳа аз бехабарӣ ва сари вақт ба кӯмакашон нарасидани мақомот шикоят мекунанд. Аҳмад Шарипов, сокини ин деҳа мегӯяд, субҳ ҳангоми обхезӣ касе аз мақомот ба таври таъҷилӣ ба маҳаллӣ ҳодиса ҳозир нашуд. Пас аз нисфирӯзӣ низ ҳангоми ҳозир шудан натавонистанд, кореро баҳри наҷоти мардум анҷом бидиҳанд.

Ӯ мегӯяд, “як мошине пайдо нашуд, ки чизу чораамонро берун кунад. Ҳеҷ чизро гирифта натвонистем. Ҷони худамонро гирифтему халос”.

Гулшариф Бобоева, сокини дигари ин деҳа мегӯяд, қаблан мақомот изҳор медоштанд, ки ҳангоми обхезӣ онҳоро огаҳ хоҳанд кард. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳангоме, ки об ба хонаҳояшон ворид шуд, аз ин ҳолат хабардор шудаанд.

Хонум Гулшариф гуфт, “ҳатто либосҳои фарзандонамонро бо худ гирифта натавонистем. Мақомот мисли филми ҳиндӣ замоне ба ёрии мо расид, ки кор аз кор гузашта буд ва мо шаб надонистем, ки куҷо хоб кунем, то саҳар ларзида он тарафу ин тараф рафта омадем”.

Барфимо Маъруфова, як сокини дигари ин деҳ афзуд, то кунун касе ба мардум хаймаву ҷои хоб надодааст. Ба гуфтаи ӯ, “номаълум аст, ки мардум шаб дар куҷо хоб хоҳад рафт: дар хонаи хешу табор ё хиёбонҳо”.

Зарари ҷуброннопазир

Дар паи ин обхезӣ беш аз 40 ҳектор замини кишт ва беш аз сад ҳектор замини ниҳоли хоҷагии ниҳолпарварии Восеъи ноҳия Восеъ низ зиён дидааст. Ғаффор Аҳмадов, раиси ин хоҷагӣ мегӯяд, зарари расида ба замини ниҳолҳои парваришӣ ҷуброннопазир аст.

Ҷаноби Аҳмадов мегӯяд, “агар соҳилро як моҳ пеш мебастанд, 100 ҳазор сомонӣ сарф мешуд, зарари ҳозир расида, шояд аз миллионҳо сомонӣ зиёд бошад. 124 гектар замини хоҷагӣ ва зиёда аз 500 ҳазор ниҳол зери обу лой мондааст. Танҳо хоҷагии мо 1 миллион сомонӣ зарар дидааст”.

Ҳошим Хоҷаев, раиси ҷамоати пахтакори ноҳияи Восеъ, ки деҳаи Кӯчабоғ шомили он аст мегӯяд, борҳо аз хатари ин соҳил ба мақомот
муроҷиат кардаанд, вале касе баҳри ҳали ин мушкил талош накардааст.

Ду миллион сомонӣ куҷо шуд?

Дар ҳамин ҳол Нурулло Мирзоев, ҷонишини раиси ноҳияи Восеъ мегӯяд, воқеан ҳукумати кишвар барои соҳилбандии соҳилҳои рӯдхонаҳое, ки аз ҳудуди ноҳия мегузаранд, 2-миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Аммо ин маблағ ба садбандии соҳили рӯдхонаи Сурхоб, ки он ҳам хеле хатарнок аст, равона шудааст.

Нурулло Мирзоев гуфт, “вазъи соҳилбанди дар ноҳия хеле бад аст, зеро барои садбандии як метри мураббаъ 8 ҳазор сомонӣ лозим аст ва ҳоло ноҳия ин қадар маблағро дар ихтиёр надорад".

Тибқи иттилои расмӣ дар ноҳияи Восеъ ба ҷуз деҳаи Кӯчабоғ, инчунин 35 хонаводаи деҳаи Ғофилобод низ дар паи чунин обхезӣ осеб дидааст. Чанд деҳаи ноҳияи Мӯъминободи низ давоми ду рӯзи охир қисман хароб гардидааст.

Ҳанӯз ҳисороти расида, аз офати табии дақиқ нашудааст ва мардуми зарардида низ бо макони зисти муваққатӣ таъмин нагаштааст.

XS
SM
MD
LG