Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксари ҷавонони тоҷик, ҳамтоёни қирғизи худро ҷасуру боҷуръат ва озодихоҳ медонанд ва мегӯянд, ки маҳз маҳдудияти озодиҳои инсон ва ҳамчунин мушкилоти афзун, мардуми Қирғизистонро ба тазоҳурот кашидааст.

Ба андешаи Акрам коршиноси ҷавон, мардум дар ҳоле даст ба тазоҳурот заданд, ки Қурмонбек Боқиев, президенти барканоршуда, на дар андешаи беҳбудии зиндагии онҳо, балки даст ба фасоди молӣ задаву манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои миллӣ боло мегузошт.

Акрам гуфт: “Ҳангоме, ки ҷамъият як нафарро сари худ ҳоким қабул мекунад, аз ӯ корҳои зиёдро интизор аст. Ва агар ҳоким фаъолияти нодуруст барад, ба ӯ барои ислоҳ шудан муроҷиат мекунанад. Ва ҳамин гуна муроҷиатҳо дар Қирғизистон хеле зиёд буданд. Дар ҳоле, ки президент садои мардумро нашунид, онҳо ба по хестанду вайро бартараф карданд".

Нооромиҳои ахир дар Қирғизистон панҷ сол баъд аз инқилоби лолаӣ, ки дар натиҷаи он Аскар Оқоев аз қудрат барканор ва бо кӯмаки тазоҳуркунандагон Қурмонбек Боқиев сари ҳокимият омад, сурат гирифт. Он вақт Боқиев ваъда дода буд,ки дар кишвар ислоҳоти сиёсӣ анҷом медиҳад ва бо ришвахорӣ мубориза мебарад.

Умед Аҳмадов, як ҷавони дигар гуфт, мардуми қирғиз ба ҳамон роҳи иштибоҳе, ки панҷ соли пеш рафта буданд, қадам мениҳанд.

Ин мусоҳиби мо, кор гирифтан аз тазоҳуротро барои бартараф кардани оқибатҳои сиёсати нодурусти ҳукумат, ҳам иштибоҳи сиёсии роҳбарият ва ҳам аз мухолифин медонад.

Умед афзуд: “Беҳтар ин мебуд агар ҳар ду ҷониб сари мизи музокирот менишастанд ва пешниҳодҳои худро иброз мекарданд. Ин масъала набояд чун панҷ соли пеш, ки аз рӯи ҳамин сенарияе, ки ҳукумат рӯи қудрат омада буд, матраҳ мешуд. Ба онҳо бояд дарс мешуд, ки бо интихоби чунин роҳ сиёсти дуруст ба даст наомад. Яъне ягон тағийрооти ҷиддӣ сурат нагирифт. Ҳамоно ришватситонӣ, хешутаборсолорӣ, рушд наёфтани иқтисодиёт, хулоса роҳи нодуруст буд”.

Ба гуфтаи Умед, аз ин нооромиҳо боз ҳам мардуми осоиштаву тоҷирон, нафароне, ки иқтисодиёти ин кишварро пеш мебурданд,зарар диданд. Ва боз ҳам хуни ҷавонон дар ин роҳ рехта шуд.

Моҳлиқо, як мусоҳиби дигари мо бар ин аст, ки дар ин бозии сиёсӣ аз нерӯи ҷавонон гурӯҳҳои манфиатдор сӯистифода кардаанд.

Моҳлиқо мегӯяд: “Бо роҳи ҷангу тазоҳурот намешавад вазъи иқтисодиву иҷтимоъии мардумро беҳтар кард. Вай аз ҷумла гуфт, натиҷаи ҷанг хунрезӣ, талафот ва зарари хеле ҳам бузург ба иқтисодиёт аст. Бишкек шаҳри ободу пешрафта буд. Дар он чандин маркази ҷаҳонӣ, аз ҷумла, академияи САҲА ва дигар муассисаҳое ҳастанд, ки мавқеи Бишкекро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекарданд”.

Хайрулло, таҳлилгари ҷавон мегӯяд, ин тазоҳурот барои кишварҳои дигари минтақа ба мисли як ҳушдор аст.

Ӯ мегӯяд: “Чуноне, ки мушоҳида кардем, дар ин ҳаводис нақши ҷавонон зиёд буд. Зеро ҷавонон қувваи асосии пешбарандаи сиёсати як давлат ҳастанд. Аз ин рӯ, дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳамсоя кишварҳои Қирғизистон, бояд дар араси сиёсат ба ҷавонон имтиёз дода ва иштироки онҳо дар маҳофили сиёсӣ фароҳам оварда шавад, то ин ки аз чунин ҳаводис ҷилавгирӣ гардад”.

Мусоҳибони ҷавони мо мегӯянд, омилҳои ба мисли маҳдудияти озодии баён, фақру бекорӣ ва фасод, ки боиси норизоиятии мардуми Қирғизистон гаштааст, дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад.

Ва ҳаводиси Қирғизистон ҳушдорест ба ҳукуматҳои ин кишварҳо, ки бояд ҷиддитар ба ин масоил назар кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG