Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоқ - мушкили рӯ ба густариш


Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ 1657 ҳолати талоқ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аммо созмонҳои ғайридавлатӣ ин рақамро чандин маротиб бештар мешуморанд.

Саидмо Насимова, модари ду фарзанд, 4 сол аст, ки аз шавҳар ҷудо, дар хонаи бародар зиндагӣ дорад. Ӯ дар сини 18 солагӣ шавҳар кардаву дар 24 солагӣ, баъди гуфтаи худаш, кашидани заҷри зиёд аз модарарӯсу хоҳарарӯс аз шавҳараш ҷудо шудааст.

Саидмо аз хонаи шавҳар танҳо бо куртаи тан бадар рафт, вале ба тараҳҳуми шавҳар умед дошт, ки шояд ба хотири фарзандон ба ӯ кӯмак кунад ва сарпаноҳе бидиҳад. Ӯ мегуяд, аслан содагии худаш буд, ки ин гуна фикри хомро дар сар раҳ дод. Вагарна медонист, ки шавҳар ҳеҷ гоҳ ба ӯ кумак нахоҳад кард.

Саидмо мегӯяд: «Дар хонаи падару модараш, зиндагӣ мекардем, шавҳарам ҳуқуқ надошт ки аз он хона ягон чиз талаб кунад. Ҳатто ягон замин ва ё пул ҳам надошт, ки ба ном ман гузаронад».

Саидмо яке аз садҳо зани тоҷик, аст ки имрӯз дар ростои ояндаи норӯшан қарор дорад ва намедонад, ки оё бародарон то чанди дигар ҳузури ӯву кӯдаконашро таҳаммул хоҳанд кард.

Саидмо дар бахти нагуни худ хонаводаи шавҳарро гунаҳкор медонад ва мегуяд, ҳаминҳо буданд, ки ба зандагии ӯву шавҳараш дахолат ва рӯзгорашро тақатфарсо карданд.

Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ҳарчанд борҳо ба Кумитаи кор бо занон, ҷамоати қишлоқ муроҷиа кардаву талош кардааст, ки то аз хонаводаи шавҳар барои фарзандони бесарпаноҳаш, кӯмаке расонида шавад, аммо ин ҳама талошҳояш натиҷае надодааст.

Саидмо мегӯяд, ки соли гузашта ҷасади шавҳарашро аз Русия оварданд ва бо дафни шавҳар охирин умеде, ки ӯ як рӯз соҳиби сарпаноҳ мешавадро низ ба хок супурд.

Ҳамтақдирони хонум Саидмо дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон кам нестанд.


Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон дар се моҳаи соли ҷорӣ 1657 ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст, аммо созмонҳои ғайридавлатӣ ин рақамро чандин маротиб бештар мешуморанд.

Райҳона Ҳақбердиева роҳбари созмони ҷамъиятии «Дилафрӯз», дар шаҳри Қурғонтеппа, ки фаъолияти созмонаш ба мавзӯъи занон марбут аст мегӯяд, , аз рӯи омори ғайрирасмӣ дар шаҳр ва ё ноҳияҳои вилоят 30 дарсади занҳо бори рӯзгорроо танҳо мекашанд.

Ӯ мегӯяд: «Ман бо занҳои танҳомонда кор мебарам, вазъи ҳуқуқии онҳоро мефаҳмонем, ки дар сурати танҳо мондан чигнуа ҳуқуқ доред. Ва бо кадом сабабҳо ҷудо шудед. Дар ҳамин минтақае, ки ман зиндагӣ мекунам, 30 дарсадаш занҳои танҳо аст».

Сабабҳои аз ҳам пошидани хонаводаҳо дар ҷомеаи фақири Тоҷикистон агар аз як тараф, духтаронро дар сини 14 ва 15 солагӣ ба шавҳар додан бошад, паҳлӯи дигар, ногоҳии онҳо аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии хеш бошад, паҳлӯи дигар раванди муҳоҷират ва аз тариқи телефон талоқ додани ҳамсарон будааст.

Аксарияти хонаводаҳои ҷавон ҳангоми оила барпо кардан аз қайди ақду никоҳ намегузаранд ва ин ҳолат боиси он мешавад, ки ҳангоми талоқ занҳо бо бачаҳои худ дар беҳтарин ҳолат дар хонаи хешу табор ва дар баддарин ҳолат дар кӯча мемонанд.

Талоқ тамғаест, ки занҳои тоҷикро на танҳо бадбахту бехонаву дар мекунад, балки онҳоро аз кору фаъолият дар идораҳои давлатӣ маҳрум месозад. Зани талоқшуда, сарфи назар аз бегуноҳияш маъмулан дар ҷомеъаи Точикистон табъиз мешавад ва мавриди сарзаниш қарор мегирад.

Тадбир чист?

Маҳмудҷон Авазов, ҳуқуқшинос ва ёвари яке аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бар ин назар аст, ки пайомади аз ҳам пошидани талоқ на танҳо вазъи иҷтимоии занонро мушкилзо мегардонад. Ба гуфти ҳуқуқшинос беҳтар он аст, агар ҷомеа бархурди худро бо занҳои бе ин ҳам шикаста дигар кунад ва онҳоро пуштибон шавад.

Ӯ мегӯяд: «Бояд дар қонун ворид кунанд, ки занҳое танҳо монда ва шавҳаронашон ба Русия рафта, солҳо бедарак ҳастанд, монеаи боло рафтани занҳо дар сохторҳои давлатӣ намешавад. Вақте зан маротибаи аввал ҷудо мешавад, мегӯянд, ки вай зани хуб буд аз шавҳараш ҷудо намешуд. Ҳол он ки маълум нест, бо айби кадом тараф, ҷудогӣ ба миён омадааст”.

Оғои Авазов бо ишора ба теъдоди занҳо дар Тоҷикистон мегӯяд, сарнавишти занон имрӯз пурпечу тоб аст. Зеро бо шакл гирифтани раванди муҳоҷират, шиддат гирифтани фақру нодорӣ ва беаҳамиятии мардҳо нисбат ба зану фарзанд, ва набуди фишангҳои таъсир ба мардҳо, қонуни масъулияти мард баъди талоқ, боиси он шудааст, ки мартабаи занон дар оиладорӣ коҳиш ёбад.

Ба гуфти ҳамсӯҳбатам солҳои охир ҳукумат барои пойдории оилаҳои солим, тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намекунад ва худи Кумитаи кор бо занон ҳам дар қиболи ин падидаи номатлуб, коре карда натавонист.

Ҳол он ки пайомади ин ҳолат, ҳатто метавонад, ба генофонди миллат таъсири манфӣ расонад.

Ба гуфти соҳибназарон афзоиши талоқ аз фаъолияти зафъи Кумитаи кор бо занон, ягона ниҳоде, ки масъулияти ҳифзи занон ва хонаводаҳоро ба ӯҳда дорад, то ҷойе вобастагӣ дорад.

Ин кумита то ба ҳол натавонистааст дар умури хонаводагии занон, ҳифзи онҳо муқаррароти қонуниро пешниҳод кунад, то занҳоро аз танҳо мондан ва мушкилоти иқтисодӣ эмин нигаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG