Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отунбоева баъзе раҳбарони ҳукумати худро таин кард


Ҳукумати худхондаи Қирғизистон чанд нафарро ба мақомҳои баланди ҳукуматӣ мансуб кардааст. Генерал Исмоил Исҳоқов, ки ӯро дар ҷараёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ аз зиндон раҳо карданд, вазири дифоъ таин шудааст. Дар солҳои 2005-2008 дар давраи раёсати ҷумҳурии Қурмонбек Боқиев генерал Исҳоқов вазири дифоъ ва сипас Дабири Шӯрои Амнияти ин кишвар буд. Вай аз ҳукумат рафт ва ба мухолифон пайваст. Болот Шерниёзов-раиси ҳизби "Ата-Мекен" вазири дохила таин шуд. Алмас Атамбаев ба мақоми муовини аввали раиси ҳукумати муваққат, яъне муовини аввали Роза Отунбоева мансуб шудааст. Отунбоева ҳамчунин сафиронро дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла дар Туркияву Амрико, Русия ва Олмон, иваз кардааст.
XS
SM
MD
LG