Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷарима барои саркашӣ аз омӯзгорӣ


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, 326 хатмкардаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ба далели аз рӯи тавсия ба кор нарафтанашон ба додгоҳ кашида шуда ва то кунун додгоҳ ду нафари онҳоро ҷарима кардааст.

Ин ду нафаре, ки ҷарима шудаанд, ҳар ду хатмкардагони Донишгоҳи омӯзгорӣ мебошанд.

Вазири маорифи Тоҷикистон аз ироаи тафсилоти бештаре худдорӣ кард. Аммо Саиднӯъмон Раҷабов, сардори бахши таҷрибаомӯзии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфт, аз ин муассисаи таълимӣ 25 нафар, ба шумули духтарон, ба додгоҳ кашида шуда буданд ва ҳамагӣ хатмкардаи соли таҳсили 2008 – 2009 мебошанд.

Вай афзуд, ин тасмим бар пояи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 гирифта шудааст, ки тибқи он, онҳое, ки аз буҷаи давлат хондаанду барои кор ба муассисаҳои давлатӣ нарафтаанд, ба додгоҳ кашида мешаванд.

Ӯ гуфт: «Дар донишгоҳи омӯзгорӣ барои панҷ сари ҳар донишҷӯ 2793 сомонӣ харҷ мешавад. Агар хатмкарда ин маблағро баргандонида диҳад, ба мисли донишҷӯёни шартномавӣ ва дипломи аълодор аз ҷавобгарӣ озод мешавад ва дар ҳар куҷое, ки хоҳад, кор мекунад»

Оқои Раҷабов афзуд, ин тарзи бархӯрд ба масъала натиҷаҳои мусбат дар пай дорад, аз ҷумла аксари онҳое, ки ба додгоҳ кашида шудаанд, ба мактабҳо баргашта, паи кор шудаанд ва дар кулл хатмкардаҳо ба ҷои шуғли худ мераванд.

Оқои Раҷабов гуфт, хатмкардаҳои донишгоҳҳои омӯзгорӣ имтиёз дода мешавад, аз ҷумла тибқи қарори ҳукумат ҳар хатмкарда баробари ба кор даромадан дар мактаб, бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд ва ҳамчунин метавонад бо фоизи кам қарз бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Шаҳло Собирова, ҳуқуқшиноси «Ампаро», як Анҷумани ҳуқуқшиносон дар шаҳри Хуҷанд, ки бо масоили ҳуқуқии ҷавонон машғул аст, мегӯяд, ба онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ҳамин мушкил муроҷиат кардаанд.

Хонум Собирова афзуд, дар як мавриди дигар ҳарду ҷониб, ҳам хатмкардаҳо ва ҳам донишгоҳ ба иштибоҳ роҳ додаанд. Вай гуфт, донишҷӯён ҳангоми бастани шартнома бо донишгоҳ ноогоҳона имзо гузоштаанд, ҳол он ки он ҷо гуфта шудааст, ки баъд аз хатми таҳсил ба ҷои тавсияшуда ба кор хоҳанд рафт.

Хонум Собирова иштибоҳи донишгоҳҳоро дар он мебинад, ки донишҷӯёнро аз тасмими худ огоҳ накардааст ва донишҷӯён танҳо баъд аз фориғ шудан аз таҳсил дар маҳалли зист аз ин ӯҳдадории худ огаҳ шудаанд.

Коршиносон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд тасмими вазорати маориф шояд як андоза мушкили камбуди омӯзгоронро коҳиш диҳад, аммо ба сифати таълим дар мактабҳои миёна таъсир расонида наметавонад, зеро нафаре, ки самимона касби омӯзгориро пеш гирифтаст, аз пешаи худ намегурезад.

Ба қавли онҳо, аксари донишҷӯёни Тоҷикистон ҳанӯз ҳам таҳсил дар мактаби олиро роҳи гурез аз хизмат дар артиш мебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG