Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай барои куштор аз нируҳои НАТО интиқод кард.


Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон изҳороте содир ва нируҳои НАТО-ро барои кушодани оташ ба сӯи автобусе муттаҳам кардааст. Дар ин оташ 4 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар дар шаҳри Қандаҳор маҷруҳ шудаанд. ISAF ё нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ гуфтаанд, ки машғули расидагӣ ба ин ҳодиса мебошанд. Ин ҳодиса тазоҳуроти зидди амрикоиро дар Қандаҳор барангехт ва эътирозкунандагон бо ошташ задани балонҳои кӯҳнаи резинии мошинҳо роҳи аслиро бастанд.
XS
SM
MD
LG