Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев: Мухолифон барои музокира ба назди ман оянд


Президент Қурмонбек Боқиев, ки ба иддаои мухолифон ҳафтаи гузашта аз мақомаш барканор шудааст, имрӯз гуфтааст, ки агар мухолифонаш хоҳанд, ки бо вай музокира анҷом диҳанд, бояд ба назди вай оянд. Боқиев, ки бо рӯзноманигорон дар зодгоҳаш деҳи Тейит дар ҷануби Қирғизистон сӯҳбат мекард, пофишорӣ мекард, ки вай раиси ҷумҳури қонунист. Мухолифон мегӯянд, ки 7-ӯми апрел нируҳои амниятӣ бар зидди эътирозкунандагони давлати Боқиев оташ кушодаанд ва 81 нафар кушта шудаанд. Боқиев мегӯяд, ки бо ин кушторҳо иртиботе надорад ва мухолифон "ҳокимиятро ғасб" кардаанд. Вай қаблан хитоб ба тазоҳуркунандагони ҷонибдораш гуфт:

"Ман дирӯз бо Ян Кубиш-фиристодаи вижаи СММ сӯҳбат ва чун раиси ҷумҳур аз вай ду дархост кардам. Пеш аз ҳама, ман аз вай хостам, ки ба шимоли кишвар нируҳои посдори сулҳи худро бифиристад. Дархости дуввуми ман аз Як Кубиш ин буд, ки куммисиюни мустақили байналмиллалиро орад ва ба рӯйдодҳои 7-ӯми апрел расидагӣ сурат бигирад".

Боқиев афзуд, ҳудуди 10 нафар намояндагони порламон бо вай ҳамроҳ мебошанд ва рӯзи сешанбе дар наздикии шаҳраки Ҷалолобод дар раҳпаймоӣ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG