Пайвандҳои дастрасӣ

СБП бо Ӯзбекистон вагонҳои Тоҷикистонро баррасӣ мекунад


Имрӯз Аксел Шиммелпфенниг -раҳбари намояндагии Сандуқи Байналмиллалии Пул дар Тоҷикистон баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки бо ҷониби Ӯзбекистон масъалаи боздошти вагонҳои молу колои Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Вай гуфт:

"Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон узви сандуқи Байналмиллалии Пул мебошанд. Ин кишварҳо ҳангоми ворид шудан ба ин созмон тааҳҳуд супурдаанд, ки муқаррароти мавҷуд дар ин созмон, аз ҷумла ҳимоят аз бозори озодро идома медиҳанд. Барои риояти муқаррароти тиҷорати озод миёни кишварҳо бояд ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надошта бошад" .

Вай гуфтааст, Сандуқи Байналмиллалии Пул ба Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бо Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкории наздик дошта бошад, зеро ин бонк ба омӯзиши фаннии тарҳи Роғун машғул аст. Киара Бронки-намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба хабаргузории "Авеста" гуфтааст, ки гурӯҳи коршиносони фании Бонки Ҷаҳонӣ 20-ӯми апрел ба Тоҷикистон меоянд ва масъалаи амнияти сарбанди Роғунро бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG