Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз 40 шӯришӣ дар Покистон кушта шуд


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки дар натиҷаи ҳамлаи шӯришиён ба ду посгоҳи амниятӣ дар шимоли ғарби Покистон 40 шӯришӣ ва 2 афсари пулис кушта шудаанд. Самиулло Хон-як мақоми идории маҳаллӣ гуфт, баъд аз ҳамлаи шӯришиён ба посгоҳҳо задухурд ба вуқуъ павастааст ва нируҳои амниятӣ дар деҳоти Шириндара ва Сангрона ҳамлаи шӯришиёнро дафъ кардаанд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва амалиёти заминӣ дар 3 ҳафтаи ахир 300 нафар шӯришиён кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG