Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкро бо 400 доллар ришва боздошт карданд


Бино ба хабари матбуоти Тоҷикистон, як пизишки маҳаллӣ дар ноҳияи Шаҳринав барои ситонидани ришва боздошт шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати дохилаи Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба иттилои ин манбаъ, дар ҷараёни амалиёти вижаи кормандони ин вазорат Фурқат Қамбаров-пизишки бемористони марказии ноҳияи Шаҳринав сокини 27-солаи Шӯрои деҳоти Тоҷикистон ҳангоми гирифтани 400 доллар ришва боздошт шудааст. Баъд аз гирифтани ин миқдор ришва Қамбаров бояд ба Иззатулло Амондавлатов-сокини 23-солаи Шаҳринав хулосаи тиббӣ пешниҳод мекард, ки вай бемор ва барои хидмати аскарӣ корношоям аст.
XS
SM
MD
LG