Пайвандҳои дастрасӣ

Лех Качинский рӯзи шанбе ба хок супурда мешавад


Бино ба хабарҳои матбуоти Полша, Лех Качинский-раиси ҷумҳури ин кишвар, ки баъд аз суқути ҳавопаймояш дар Смоленки Русия кушта шуд, рӯзи шанбе ба хок супурда мешавад. Ҳамроҳ бо Качинский дар ин ҳавопаймо 95 нафари дигар ба ҳалокат расиданд. 12-ӯми апрел дар Русия рӯзи мотам эълон шудааст. Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфт:

"Мо якҷо бо мардуми Полша мотам дорем. Куммисиюни давлатӣ ҳоло кор мекунад ва мо, албатта, ҳамаи имконотро ба кор хоҳем баст, то расидагӣ бетарафона бошад ва мо ҳамаи сабабҳои суқути ҳавопайморо рӯшан кунем".

Хонуми Качинский ва даҳҳо нафари дигар аз мақомоти аршади расмиву низомии Полша дар миёни онҳо буданд. Мақомоти расмии Полша мегӯянд, тобути пӯшидаи Качинскийро барои видоъ мегузоранд, то мардуми Полша вайро ба роҳи ахират гусел кунанд.
Хешовандони қурбониён ҳанӯз ҳам барои шинохти наздикони худ ба Русия меоянд. Радослав Сикорский-вазири корҳои хориҷаи Полша гуфт, Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз ҷумлаи раҳбарони ҷаҳон хоҳад буд, ки дар маросими дафни Лех Качинский ширкат хоҳанд кард. Бозрасони Русия ин эҳимолро пекаш кардаанд, ки суқути ҳавопаймо бо иштибоҳи халабон рух додааст.
XS
SM
MD
LG