Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори тоҷик – дар ҷои дуввум


Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори телевизиони вилоятии «Хатлон», дар мусобиқаи байнулмилалии «Инсон ва кайҳон» ба муносибати Рӯзи кайҳоннавардон дар шаҳри Королёвои вилояти Маскави Русия мақоми дуввумро касб кард.

Дар пойга ба масофаи 10 километр, ки 11-уми апрел бо ширкати беш аз 600 варзишгар аз Русия, Беларус, Укроин ва якчанд кишварҳои африқоӣ баргузор шуд, Давлаталӣ Шамсов бо натиҷаи 1 соату 7 сония пас аз намояндаи Русия дуввумин шуда ба марра расид.

Давлаталӣ Шамсов бо эъломи ин хабар аз шаҳри Королёвои Русия тавассути телефон ба радиои Озодӣ гуфт, вай ҳоло ба дави марафонӣ ба масофаи 42 километру 195 метр, ки 25-уми апрел дар шаҳри Маскав бахшида ба Рӯзи Ғалаба бар фашизм доир мешавад, омодагӣ мебинад.
XS
SM
MD
LG