Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додраси парвандаҳои миллатгароён кушта шуд


Гурӯҳи "Гургони сафед"-ро низ Эдуард Чувашов паси зиндон фиристода буд.

Гурӯҳи "Гургони сафед"-ро низ Эдуард Чувашов паси зиндон фиристода буд.

Додраси федеролии Русия Эдуард Чувашов, ки чандин миллатгарои русро паси панҷара шинонда буд, субҳи рӯзи душанбе дар назди манзили худ дар маркази Маскав кушта шуд.

Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ҷасади додрас Чувашовро бо пайи тир дар сина ва сараш дар зинаҳои табақаи саввум, дар назди дари манзили истиқоматияш пайдо кардаанд.

Хабаргузориҳои русӣ менависанд, мақомот аллакай нишонаҳои қотили эҳтимолиро эълон кардаанд – ҷавони 25-30 сола бо намуди зоҳирии славянӣ.

Фарзияи асосии куштори додраси федеролӣ марбут ба касби ӯ будааст, чун додрас Чувашов чандин миллатгарои русро бо иттиҳоми куштори муҳоҷирони ғайрирус, аз ҷумла тоҷикон ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карда буд ва аз миллатгароён борҳо таҳдид ҳам шунида буд. Аз ҷумла, дар торнамоҳои интернетӣ миллатгароҳо ба қатли Эдуард Чувашов ба хотири мавқеъи устувори зиддинатсистияш даъват мекарданд.

Мақомот мегӯянд, ин куштор намоишкорона ва ба хотири тарсонидани дигарон анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳафтаи гузашта додрас Чувашов се узви як гурӯҳи миллатгароро ба солҳои гуногун маҳкум кард – ду ноболиғ даҳсолӣ гирифтанд ва нафари саввум 22 сол. Ин се нафар ба ҳамла ва куштори шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва Арманистон дар солҳои 2006 ва 2007 муттаҳам мешуданд. Дар ин муддат 20 ғайрирус қурбони афкори миллатгароёнаи ин гурӯҳ шуда, 12 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд.

Додрас Чувашов ҳамчунин аъзои гурӯҳи миллатгароии «Гургони сафед»-ро низ ба муддатҳои аз 7 то 23 сол ба зиндон фиристода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG