Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ – пешсафи сабқати лигаи олӣ


Tajikistan - AFC President's Cub semifinal match between "Regar" TadAZ - WAPDA, Tursunzoda, 25Sep2009
Tajikistan - AFC President's Cub semifinal match between "Regar" TadAZ - WAPDA, Tursunzoda, 25Sep2009

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи XIX қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 10-ум ва 11-уми апрел баргузор шуданд.

Рӯзи шанбе дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо тими меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд қувва озмуд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Асад Бобоҷонов, бозигари «Хуҷанд», ҳисобро дар дақиқаи 20-ум боз кард. Баъди 21 дақиқа Исмоил Шонов ҳисобро баробар намуд.

Дастаи мизбон - «Истиқлол»-и Душанбе дар нахустин бозиаш бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои «Истиқлол»-ро Дилшод Восиев (дақиқаи 41-ум) ва Юсуф Рабиев (дақиқаи 81-ум) ба самар расонданд. Соҳиб Сувонқулов, бозигари «Истиқлол», дар дақиқаи 52-юм тӯбро ба дарвозаи дастааш зад.

Ду бозии дигари даври дуюм рӯзи якшанбе баргузор шуд. Бозии ССКА «Помир»-и Душанбе бо тими меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат ба иллати омода набудани майдони худ бозиро дар майдони рақибаш «Регар» ТадАЗ - варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода анҷом дод ва бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд. Сафар Каримов дар дақиқаи 16-ум ҳисобро кушод. Баъди 8 дақиқа легионери бразилии «Регар» ТадАЗ Жаилтон Оливейра тӯбро аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Ду голи дигарро Даврон Тухтасунов (дар дақиқаҳои 71-ум ва 90+3) зад.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар ин давр истироҳат кард.

Пас аз натиҷагирии ду даври мусобиқа дастаи «Регар» ТадАЗ бо 6 имтиёз дар ҷадвали бозиҳо дар ҷои аввал аст. «Парвоз» бо 4 имтиёз дар ҷои дуюм ва «Истиқлол» бо 3 имтиёз дар ҷои сеюм қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 15-уми апрел

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар»ТадАЗ

2

2

0

0

6-0

6

2.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

2

1

1

0

3-0

4

3.

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

2-1

3

4.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

0

2

0

2-2

2

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

2

0

2

0

1-1

2

6.

«Энергетик» (Душанбе)

2

0

1

1

2-3

1

7.

«Равшан» (Кӯлоб)

2

0

1

1

1-4

1

8.

«Хайр» (Ваҳдат)

2

0

1

1

1-5

1

9.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1

0

0

1

0-2

0


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Даврон Тухтасунов ва Жаилтон Оливейра (ҳарду аз «Регар» ТадАЗ) бо дуголӣ пешқадаманд.

Даври 3-юм
15-уми апрел (панҷшанбе)
«Вахш» - «Хайр»
17-уми апрел (шанбе)
«Парвоз» - «Истиқлол»
«Регар» ТадАЗ - «Равшан»
18-уми апрел (якшанбе)
«Хуҷанд» - ССКА «Помир»
XS
SM
MD
LG