Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Харобкориҳои обхезӣ дар Восеъ ва Мӯъминобод


Дар баҳор обхезӣ зуд-зуд меҳмони бархе аз манотиқи Тоҷикистон мегардад.

Дар баҳор обхезӣ зуд-зуд меҳмони бархе аз манотиқи Тоҷикистон мегардад.

Яксаду ҳафтод манзили истиқоматӣ дар деҳаи Кӯчабоғи ҷамоати Пахтакори ноҳияи Восеъ бо тамоми амвол ва чорво зери оби Ёхсу монданд.

Обхезӣ нисфирӯзи 11-уми апрел ин деҳаро хароб кард. Хушбахтона, ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Масъулини идораи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Восеъ дирӯз бо қаиқҳо ҳамаи мардумро аз маҳалли офат наҷот додаанд. Хабарнигори Озодӣ, ки ҳоло дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, танҳо се сокини деҳа ҷароҳат бардоштаанд.

Ин шабро бархе аз сокинони деҳа дар хонаи хешу таборашон дар деҳоти наздик рӯз кардаанд, бархеи дигар дар берун. Сокинони деҳа мегӯянд, то ҳол ҳеҷ кӯмаке аз мақомот ба онҳо нарасидааст ва ҳам ҳеҷ мақоме бо онҳо дидор надоштааст. Хоҷагии бузурги ниҳолпарварие низ, ки дар ин деҳа буд, зери об монда, ва тақрибан 50.000 ниҳол аз даст рафтааст.

Рамазон Неъматов, сардори ситоди ҳолоти изтирории минтақа ба Радиои Озодӣ гуфт, аз обхезӣ ҳамчунин 35 манзил дар деҳаи Тугараки Восеъ ва чанд деҳаи дигар дар ноҳияи Мӯъминобод зарар дидаанд.

Дар охири соли гузашта барои корҳои соҳилбандӣ дар ин минтақа ду миллион сомонӣ ҷудо карда шуда буд, вале ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ дар ин муддат ҳеҷ коре барои пешгирӣ аз обхезӣ анҷом нашуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа мегӯяд, дар боронҳои ҳафтаи қабл низ беш аз сад гектар киштзор дар Восеъ зарар дидааст.

Масъулини ҳолатҳои изтирории ноҳия мегӯянд, пули бузурге, ки дар ин минтақа шоҳроҳи Бӯстон-Чаноқ-Кӯлоб-Бадахшонро мепайвандад, дар ҳоли харобшавист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG