Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи ҳаракат аз ду гузаргоҳи марзии Тоҷикистон


Мақомоти расмии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия додаанд, то ба хотири амнияти хеш барои муваққат аз сафар ба Қирғизистон парҳез кунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Бадахшон, мегӯяд, ҳаракати мошинҳо аз тариқи ду гузаргоҳи воқеъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳоло қатъ шудааст, агарчӣ расман ин гузаргоҳҳо баста нашудаанд. Мақомот гуфтаанд, гузаргоҳи марзии Қарамиқ, воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатол ва Қизиларт дар Мурғоб барои ҳаракат боз аст, аммо бинобар нооромиҳо беҳтар аст, ронандагон аз сафар ба кишвари ҳамсоя парҳез кунанд.
XS
SM
MD
LG