Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти амнияти ҳастаӣ дар Вашингтон оғоз меёбад


Мақомоти 47 кишвари дунё имрӯз дар шаҳри Вашингтон ҷамъ омада ва масъалаи аз дасти терористон дур нигаҳ доштани силоҳҳои атомиро баррасӣ мекунанд. Дар остонаи ин нишасти дурӯза, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, талошҳои созмони Ал-Қоида барои ба даст овардани силоҳи атомӣ, бузургтарин хатар барои амният аст. Барак Обама рӯзи якшанбе бо раҳбарони чанде аз кишварҳои ҷаҳон мулоқот дошт, ки дар нишасти амниятии Вашингтон ширкат хоҳанд кард. Ӯ аз ҷумла бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон сӯҳбат кард, ки ин кишвар ба гуфтаи Барак Обама, бо даст кашидан аз силоҳҳои атомӣ, манфиати зиёде дидааст.
XS
SM
MD
LG