Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯгвории Русия аз марги қурбониёни лаҳистонӣ


Русия рӯзи якшанбе барои қурбониёни суқути ҳавопаймои раҳбарони Лаҳистон мотам гирифт. Ҳавопаймои лаҳистонӣ, ки дар он Лех Качинский, раиси ҷумҳури Лаҳистон ҳам буд, рӯзи шанбе бар асари ғубори шадид, дар наздикии шаҳри Смоленски Русия суқут кард ва 96 нафарро кушт. Ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Лаҳистон, гурӯҳе аз сиёсатмадорону, рӯҳониён ва раҳбарони низомӣ ҳам ҷон доданд. Даҳҳо ҳазор нафар дирӯз ба хотири сӯгворӣ дар шаҳри Варшава пойтахти Лаҳистон ҷамъ омаданд, ки тобути Лех Качинский ба инҷо интиқол ёфт. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, раҳбарони қурбоншудаи лаҳистонӣ, “меросе боқӣ гузоштанд, ки то абад хоҳад монд”.
XS
SM
MD
LG