Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз Амрико ба СММ шикоят мекунад


Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки алайҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расман ба Созмони Милал шикоят хоҳад бурд. Ин шикоят аз он эъломи Амрико будааст, ки рӯзи панҷшанбе гуфт, алайҳи кишварҳое, ки пойбанди Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ ҳастанд, аз таслиҳоти ҳастаӣ истифода нахоҳад кард, аммо Эрону Куриёи Шимолӣ аз амр истисно ҳастанд. Айни замон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфт, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба таври маҷозӣ ба эрониҳо бо силоҳи атомӣ таҳдид кардааст ва кишвараш корро барои тавлиди сентрифугаҳо ҷиҳати ғанисозии ураниум суръат хоҳад бахшид.
XS
SM
MD
LG