Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии ояндаи Афғонистон дар гуфтӯгу бо Карзай


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Иёлоти Муттаҳида Амрико ва генерал Дейвид Петреус, рӯзи якшанбе бо Ҳомиди Карзай, дар конфронсе доир ба арзёбии кӯмакҳои низомӣ ва ғайринизомии Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон гуфтӯгу карданд. Онҳо, “чолишҳои муштарак ва имконоти пеши рӯи" Амрико ва Афғонистонро баррасӣ намудаанд. Ин конфронс, ки дар он мақомоти баландпояи Амрикову Афғонистон ва муттафиқони муҳими онҳо ширкат доштанд, ба думболи он баргузор шуд, ки Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида моҳи январ барномаи дарозмуддати ғайринизомии ба эътидол овардани авзоъ дар Афғонистону Покистонро муаррифӣ кард. Ин барнома, ирсоли коршиносони бештари амрикоӣ барои мусоидат ба эҳёи арсаи ақибмондаи кишоварзӣ, барномаҳои мудирияти беҳтар ва ҳамоиши аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин ба зиндагии мулкӣ дар Покистону Афғонистонро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG