Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай хостори қатъи хушунат дар Қундуз шуд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” дар вилояти шимолии Қундуз даъват кард, ки аз хушунат даст бардоранд. Даъвати Карзай дар мулоқоташ бо сарони қабилаҳои маҳаллӣ дар Қундуз садо дод. Раисиҷумҳури Афғонистон ба Қундуз ҳамроҳ бо фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон генерал Стэнлӣ МакКристал сафар кардааст.
Муҳаммад Умар, волии Қундуз, дар ин мулоқот изҳор намуд, ки вазъ дар вилоят баъд аз шурӯъи амалиёти густардаи низомии НАТО алайҳи толибон нооромтар гардид. Қарор аст, ки моҳҳои наздик ба шимоли Афғонистон боз ҳазорҳо низомиёни амрикоӣ интиқол дода шаванд. Айни ҳол дар ин ҷо чору ним ҳазор афсарону сарбозони олмонӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG