Ҳукумати муваққати Қирғизистон мавзӯъи боздошт ва ба додгоҳ кашидани раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиевро баррасӣ мекунад.
Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон, ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки Боқиев барои ҳалокати 81 нафар дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, бояд аз рӯи қонун ҷавоб гӯяд. Ӯ афзуд, ки ҳукумати нав алайҳи раисиҷумҳур аз хушунат кор гирифтанӣ нест ва аммо агар нафаре аз Боқиев барои қурбониёни тазоҳурот интиқом ситонданӣ шавад, ҳукумат дар ҷилавгирӣ аз ин иқдом оҷиз хоҳад монд. Роза Отунбоева ҳамчунин гуфт, ки то ҳол бо раисиҷумҳур ягон хел гуфтушунид сурат нагирифтааст.
Худи Қурмонбек Боқиев ахиран эълом дошт, ки ба истеъфо нахоҳад рафт ва ҳама талоши куштори ӯ “кишварро оғушта ба хун хоҳад кард”. Раисиҷумҳур дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер омодагии худро барои музокирот бо ҳукумати муваққат изҳор намуд ва аммо таъкид кард, ки онро “ғайриқонунӣ” мехонад. Боқиев иттиҳомро дар мавриди он ки рӯзи 7 апрел ба артиш барои сӯи тазоҳургарон дар Бишкек оташ кушодан фармон додааст, рад кард. Ӯ аз нерӯҳои посдори сулҳи СММ даъват кард, ки кафили сулҳ дар Қирғизистон шаванд.
Ба иттилоъи Рейтер, Қурмонбек Боқиев дар зодгоҳаш – вилояти Ҷалолобод ба сар мебарад ва аммо ҷойи дақиқи будубошаш маълум нест.