Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева: Кафолати амнияти Боқиев мавҷуд нест


Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон, изҳор намуд, ки амнияти раисиҷумҳури аз мақом барканоршуда Қурмонбек Боқиевро кафолат дода наметавонад. Ӯ ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки агар нафаре аз Боқиев барои қурбониёни тазоҳурот интиқом ситонданӣ шавад, ҳукумат дар ҷилавгирӣ аз ин иқдом оҷиз хоҳад монд.
Худи Қурмонбек Боқиев ахиран эълом дошт, ки ба истеъфо нахоҳад рафт ва ҳама талоши куштори ӯ “кишварро оғушта ба хун хоҳад кард”. Раисиҷумҳур дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер омодагии худро барои музокирот бо ҳукумати муваққат изҳор намуд ва аммо таъкид кард, ки онро “ғайриқонунӣ” мехонад. Боқиев иттиҳомро дар мавриди он ки рӯзи 7 апрел ба артиш барои сӯи тазоҳургарон дар Бишкек оташ кушодан фармон додааст, рад кард. Ӯ аз нерӯҳои посдори сулҳи СММ даъват кард, ки кафили сулҳ дар Қирғизистон шаванд.
Қурмонбек Боқиев айни ҳол дар зодгоҳаш – вилояти Ҷалолобод ба сар мебарад ва аммо ҷойи дақиқи будубошаш маълум нест.
XS
SM
MD
LG