Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду дақиқаи сукут ба ёди Лех Качинскӣ


Нимарӯзӣ мардуми Лаҳистон ба ёди раисиҷумҳур Лех Качинскӣ ва дигар қурбониёни суқути ҳавопаймо дар шаҳри Смоленски Русия ду дақиқа сукут карданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҷасади Лех Качинскӣ ва хонумаш Мария то нимарӯзӣ ба Варшава интиқол дода мешавад. Баъд аз маросим дар фурудгоҳ корвони мошинҳо бо ҷасади Качинскӣ сӯи Кохи раисиҷумҳур роҳ мегирад, ки он ҷо маросими видоъ бо раисиҷумҳур сурат хоҳад гирифт. Рӯзи дафни сарвари Лаҳистон ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Шоми дирӯз ва субҳи имрӯз ҷасадҳои афроди бар асари суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленск ба ҳалокатрасида ба Маскав интиқол дода шуданд.
Раисиҷумҳури Лаҳистон ва гурӯҳи бузурги сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ субҳи рӯзи шанбе бар асари суқути ҳавопаймо дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленски Русия ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилоъи ахир, дар ин ҳодиса 96 нафар, аз ҷумла се муовини раиси Сейм, раиси Бонки Миллӣ Славомир Скржипек, раиси ситоди Артиш генерал Франсижек Гагор, муовини вазири умури хориҷа Анджей Кремер, 15 вакили парлумон, муаррихон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯҳониёни маъруфу хабарнигорон ҷон бохтаанд.
Қарор буд, ки рӯзи шанбе Лех Качинский дар маросими ёдбуди қурбониён дар маҷмааи ёдгории “Катин” дар вилояти Смоленск ширкат кунад.
Дар Лаҳистон ба ёди қурбониёни фоҷиа як ҳафта мотами миллӣ эълон шудааст. Шурӯъ аз рӯзи шанбе мардум дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ дар Варшава ҷамъ омада, он ҷо гул мегузоранд ва шамъ фурӯзон мекунанд.
XS
SM
MD
LG