Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев ба истеъфо рафтанӣ нест


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев изҳор намуд, ки ба истеъфо нахоҳад рафт ва ҳама талоши куштори ӯ “кишварро оғушта ба хун хоҳад кард”. Боқиев дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер омодагии худро барои музокирот бо ҳукумати муваққат изҳор намуд ва аммо таъкид кард, ки онро “ғайриқонунӣ” мехонад.
Раисиҷумҳури Қирғизистон иттиҳомро дар мавриди он ки рӯзи 7 апрел ба артиш барои сӯи тазоҳургарон дар Бишкек оташ кушодан фармон додааст, рад кард. Ӯ ҳамчунин аз нерӯҳои посдори сулҳи СММ даъват кард, ки кафили сулҳ дар Қирғизистон шаванд. Ба иттилоъи Рейтер, Қурмонбек Боқиев дар зодгоҳаш – вилояти Ҷалолобод ба сар мебарад ва аммо ҷойи дақиқи будубошаш маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабаргузориҳо, теъдоди қурбониёни ҳаводиси 7 ва 8 апрел ба 81 нафар расид – шоми гузашта боз ду нафар аз маҷрӯҳон дар бемористон аз олам даргузаштанд.
XS
SM
MD
LG