Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни задухӯрдҳо дар Бангкок афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни задухӯрдҳо дар шаҳри Бангкок, пойтахти Таиланд, ба 20 нафар расид. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, бархурди кормандони полису низомиён ва тазоҳургарон мунҷар ба ҳалокати чаҳор низомӣ ва 16 фарди ғайринизомӣ шудааст. Дар ин ҳодиса як наворбардори ҷопонӣ, ки барои хабаргузории Рейтер кор мекард, низ ҷон бохтааст. Дар задухурдҳо 825 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Задухӯрдҳо рӯзи шанбе замоне ба вуқӯъ пайвастанд, ки кормандони полис ва низомиён бо истифода аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар хостанд тазоҳуроти мухолифини ҳукуматро саркӯб кунанд. Дар ҷавоб намоишгарон сӯи полис санг ва шишаҳо бо маводи сӯхтро андохтанд.
Намоишҳои эътирозӣ дар Таиланд тақрибан як моҳ боз идома доранд ва аммо то рӯзи шанбе ягон ҳодисаи марбут ба хушунат сабт нашуда буд. Ҷонибдорони сарвазири пешини Таиланд Таксин Шиноват истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумониро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG