Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷор дар автобуси мутахассисони поккорӣ аз мина


Дар ҷануби Афғонистон бар асари инфиҷор дасти кам чаҳор низомии афғон, ки ба поккорӣ аз минаҳо машғул буданд, ба ҳалокат расиданд. Тибқи хабарҳо, дар волусволии Домони вилояти Қандаҳор, дар автобуси мутахассисони поккорӣ аз минаҳо, як бомб мунфаҷир шудааст. Дар ин ҳодиса беш аз даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар вилояти Ғазӣ ҷустуҷӯи як сарбози афғон идома дорад, ки шоми шанбе низомии лаҳистониро маҷрӯҳ ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Аз ин пеш хабар дода шуд, ки дар шаҳри Лашкаргоҳ се италиявӣ ва 6 афғон – кормандони як созмони хайрияи тиббии италиявӣ бо гумони таҳияи сӯиқасд ба ҷони волии Ҳилманд боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG