Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади Качинский ба Варшава интиқол дода мешавад


Ҷасади раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский ва хонумаш Мария то нимарӯзӣ ба Варшава интиқол дода мешавад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, раисиҷумҳурро бародари дугоникаш Ярослав шиносоӣ кардааст. Шоми дирӯз ва субҳи имрӯз ҷасадҳои афроди бар асари суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленск ба ҳалокатрасида ба Маскав интиқол дода шуданд.
Раисиҷумҳури Лаҳистон ва гурӯҳи бузурги сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ субҳи рӯзи шанбе бар асари суқути ҳавопаймо дар канори фурудгоҳ ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилоъи ахир, дар ин ҳодиса 96 нафар, аз ҷумла се муовини раиси Сейм, раиси Бонки Миллӣ Славомир Скржипек, раиси ситоди Артиш генерал Франсижек Гагор, муовини вазири умури хориҷа Анджей Кремер, 15 тан аз вакилони Сейм, муаррихон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯҳониёни маъруфу хабарнигорон ҷон бохтаанд.
Қарор буд, ки рӯзи шанбе Лех Качинский дар маросими ёдбуди қурбониён дар маҷмааи ёдгории “Хатин” дар вилояти Смоленск ширкат кунад. Дар Лаҳистон ба ёди қурбониёни фоҷиа як ҳафта мотами миллӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG