Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лех Качинскӣ


ЛЕХ КАЧИНСКӢ

Лех Качинскӣ соли 1949 дар шаҳри Варшава дар хонаводаи муҳандис ва адабиётшинос чашм ба олами ҳастаӣ кушода буд.

Ӯ хело барвақт маъруф шуд - соли 1962, замоне ки 13 сол дошт, Лех ва бародари дугоникаш Ярослав дар филми лаҳистонӣ - “Ду нафареро, ки моҳро рабуданд”, нақшҳои асосиро офариданд. Ва аммо ӯ баъд аз хатми мактаб роҳи дигарро интихоб кард – Лех, ки замони истибдоди коммунистӣ ба сар мебурд, рӯ ба сиёсат овард ва ба сафи мухолифини демократ пайваст. Ӯ бахши ҳуқуқи донишгоҳи Варшаваро хатм кард ва соли 1980 дар донишгоҳи Гданск дар мавзӯъи қонуни кор рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

Моҳи декабри соли 1981 низоми коммунистии Лаҳистон нерӯҳои демократиро саркӯб кард ва Лех Качинскӣ, он замон мушовири кумитаи коршикании ҷунбиши “Солидарност” тақрибан як сол дар маҳбас буд. Баъд аз раҳоӣ аз маҳбас ӯ дубора ба “Солидарност” баргашт ва муборизаи пинҳонӣ алайҳи маҳдудиятҳо дар озодиҳои шаҳрвандиро идома дод.

Соли 1989 Качинскӣ дар музокироти осоишта миёни режими заифгашта ва мухолифини демократ ширкат дошт. Ин музокирот оғози суқути истибдоди коммунистӣ дар Лаҳистон арзёбӣ мешавад.

Дар Лаҳистони озод ӯ узви Сенат, раиси Палатаи олии назорат, вазири адлия буд. Лех Качинскӣ мири Варшава ва ниҳоят, соли 2005, раисиҷумҳури Лаҳистон интихоб шуд. Соли 2001-ум ӯ ва бародараш Ярослав ҳизби ростгарои “Ҳуқуқ ва адолат”-ро таъсис карданд.

Ва аммо наметавон гуфт, ки Лех Качинскӣ маҳбуби ҳамагон буд - ӯ дар кишвар рақибони зиёд дошт. Ва аммо ҳатто рақибони сиёсияш софдиливу поквиҷдонӣ ва устувории ӯро эътироф мекарданд. Ҳамчунин раисҷумҳур ӯ дар таҳкими сиёсати Лаҳистон дар кишварҳои собиқ шӯравӣ нақши муҳим дошт.

Качинскӣ аз мунаққидони Кремл маҳсуб мешуд ва ба хотири намоиши пуштибонияш аз Гурҷистон, ки соли 2008 вориди даргирӣ бо Русия шуда буд, ба Тифлис сафар кард. Лех Качинскӣ барои идомаи мубориза омода буд. Интизор мерафт, ӯ дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ, ки бояд тирамоҳи соли равон баргузор мешуд, ширкат намояд.


XS
SM
MD
LG