Пайвандҳои дастрасӣ

Тобути раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский тавассути ҳавопаймои нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар ба Варшава интиқол ёфт. Тобутро дар фурудгоҳ кафили раёсатҷумҳурии Лаҳистон Бронислав Коморовскӣ, сарвазир Доналд Туск, сиёсатмадорону ходимони давлатии кишвар пешвоз гирифтанд.

Баъд аз маросим дар фурудгоҳ корвони мошинҳо бо тобути Качинскӣ сӯи Кохи раисҷумҳур роҳ гирифт, ки он ҷо маросими видоъ бо раисҷумҳур баргузор мешавад. Рӯзи дафни сарвари Лаҳистон ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Нимарӯзӣ мардуми Лаҳистон ба ёди раисиҷумҳур Лех Качинскӣ ва дигар қурбониёни суқути ҳавопаймо дар шаҳри Смоленски Русия ду дақиқа сукут карданд.

Ҳафтаи мотам дар Лаҳистон ва рӯзи мотам дар Русия


Нахустин фармони иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Лаҳистон эълони як ҳафта мотами миллӣ дар кишвар ба хотири гиромидошти қурбониёни садамаи ҳавопаймои президент гардид. Русия ҳам рӯзи 12-уми апрелро рӯзи мотами миллӣ эълон намуд. Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳамчунин як комиссияи ҳукуматие барои таҳқиқи сабабҳои садама таъсис дода, дар раъси он Владимир Путин, сарвазири кишварашро қарор додааст.

Ҷониби Русия мегӯяд, ҳавои носозгор ва бархӯрди боли ҳавопаймо ба дарахтон ҳангоми фурудоӣ сабабгори садама шудааст. Сергей Ануфриев, раиси вилояти Смоленск гуфтааст, ҳавопаймо пас аз бархӯрд бо дарахтон ба замин сарозер шуда, чанд пора гаштааст. Ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳи ин вилоят бо сабаби туман баста будааст ва қабл аз садама аз халабонҳои ҳавопаймои президенти Лаҳистон тақозо шудааст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Минск ва ё Маскав фуруд оянд. Вале онҳо талош кардаанд, ки ҳавопайморо дар Смоленск фуруд оранд.
Ин ҳодиса рӯзи шанбе, 10-уми апрел, соати 12-и зуҳр ба вақти Тоҷикистон рух дод. Ҳавопаймои сохти Ту-154 аз шаҳри Варшава озими Русия буд.

Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар дод, ки дар ин садама ҳамаи 96 нафар сарнишинони ҳавопаймо кушта шудаанд. Бар иловаи раисҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ ва ҳамсараш, дар ин садама ҳайати баландпояи ин кишвар, аз ҷумла, раиси ситоди артиши Лаҳистон, раиси Хадамоти амнияти миллӣ, раиси Бонки марказии ин кишвар, муовини вазири корҳои хориҷии Лаҳистон, сафири Лаҳистон дар Русия, собиқ президенти Лаҳистон Ричард Качоровски, Омбудсмени Лаҳистон, як қатор вакилони мардумӣ, дипломатҳо ва муаррихон ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, танҳо як нафар ба ин парвози махсус дер карда будааст.

Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск ба маҳалли ҳодиса омада, ва ин рухдодро фоҷеабортарин дар таърихи пасоҷангии Лаҳистон номид. Садама тамоми Лаҳистонро шок кардааст. Ҳазорон нафар мардуми оддӣ дар маркзаи Варшава, дар назди қасри раисҷумҳурамон гирд омада, гул мегузоранд.

Лех Качинский мебоист дар маросими ҳафтодумин солгарди ёдбуди қурбониёни «Катин» дар Смоленски Русия ширкат мекард.

Катин деҳкадаест дар вилояти Смоленски Русия. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, соли 1940 низомиёни шӯравӣ дар ин деҳа беш аз 21 ҳазор асири лаҳистониро ба қатл расондаанд.

Баъд аз ҳалокати раисҷумҳури Лаҳистон, раиси парлумони ин кишвар Бронислав Коморовский муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро бар дӯш гирифт. Раиси парлумони Лаҳистон тайи 14 рӯзи оянда бояд санаи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кунад.



Андӯҳи сарони кишварҳои ҷаҳон аз марги Качинскӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар номае унвони иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Лаҳистон Бронислав Коморовский, аз номи мардуми тоҷик ба мардуми Лаҳистон изҳори ҳамдардӣ кард.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, бо пахши изҳороти вижа дар робита ба ҳалокати раисҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ гуфтааст, ки марги Качинскӣ “талафоти бузург барои Лаҳистон, ИМА ва олам аст”.

Ба гуфтаи Обама, раисҷумҳур Качинский ходими бузурги давлатӣ буд, ки дар ҷунбиши “Ҳамдилӣ” (“Солидарность”) нақши калидӣ дошт. Сарвари Амрико дар изҳороти вижаи худ ҳамчунин ишора кардааст, дар Амрико Лех Качинский ҳамчунин раҳбаре, ки умри худро сарфи арзишҳои демократӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар кардааст, аз эҳтироми бузург бархурдор буд.

Сарвазири Британия Гордон Браун гуфт, ин фоҷеа ӯро дар ҳоли шок қарор дода ва сахт андӯҳгин кардааст. Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор намуд, ки бо мардуми Лаҳистон ҳамдард аст ва барои Качинскӣ дасти дуо мекушояд.Вазири умури хориҷаи Испания, ки раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад, изҳор намуд, Иттиҳоди Аврупо дар ин лаҳзаҳои сангин Лаҳистонро танҳо нахоҳад гузошт. Раҳбарони Русия, Фаронса, Олмон, Паймони НАТО ҳам ба Варшава барқияҳои ҳамдардӣ ирсол кардаанд.

Дар Маскав мардум ба назди бинои сафорати Лаҳистон гул гузоштанд. Раисҷумҳури Русия ва сарвазири ин кишвар, Медведев ва Путин, ба мардуми Лаҳистон муроҷиати ҳамдардӣ карданд.
ЛЕХ КАЧИНСКӢ

Лех Качинскӣ соли 1949 дар шаҳри Варшава дар хонаводаи муҳандис ва адабиётшинос чашм ба олами ҳастаӣ кушода буд.

Ӯ хело барвақт маъруф шуд - соли 1962, замоне ки 13 сол дошт, Лех ва бародари дугоникаш Ярослав дар филми лаҳистонӣ - “Ду нафареро, ки моҳро рабуданд”, нақшҳои асосиро офариданд. Ва аммо ӯ баъд аз хатми мактаб роҳи дигарро интихоб кард – Лех, ки замони истибдоди коммунистӣ ба сар мебурд, рӯ ба сиёсат овард ва ба сафи мухолифини демократ пайваст. Ӯ бахши ҳуқуқи донишгоҳи Варшаваро хатм кард ва соли 1980 дар донишгоҳи Гданск дар мавзӯъи қонуни кор рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

Моҳи декабри соли 1981 низоми коммунистии Лаҳистон нерӯҳои демократиро саркӯб кард ва Лех Качинскӣ, он замон мушовири кумитаи коршикании ҷунбиши “Солидарност” тақрибан як сол дар маҳбас буд. Баъд аз раҳоӣ аз маҳбас ӯ дубора ба “Солидарност” баргашт ва муборизаи пинҳонӣ алайҳи маҳдудиятҳо дар озодиҳои шаҳрвандиро идома дод.

Соли 1989 Качинскӣ дар музокироти осоишта миёни режими заифгашта ва мухолифини демократ ширкат дошт. Ин музокирот оғози суқути истибдоди коммунистӣ дар Лаҳистон арзёбӣ мешавад.

Дар Лаҳистони озод ӯ узви Сенат, раиси Палатаи олии назорат, вазири адлия буд. Лех Качинскӣ мири Варшава ва ниҳоят, соли 2005, раисиҷумҳури Лаҳистон интихоб шуд. Соли 2001-ум ӯ ва бародараш Ярослав ҳизби ростгарои “Ҳуқуқ ва адолат”-ро таъсис карданд.

Ва аммо наметавон гуфт, ки Лех Качинскӣ маҳбуби ҳамагон буд - ӯ дар кишвар рақибони зиёд дошт. Ва аммо ҳатто рақибони сиёсияш софдиливу поквиҷдонӣ ва устувории ӯро эътироф мекарданд. Ҳамчунин раисҷумҳур ӯ дар таҳкими сиёсати Лаҳистон дар кишварҳои собиқ шӯравӣ нақши муҳим дошт.

Качинскӣ аз мунаққидони Кремл маҳсуб мешуд ва ба хотири намоиши пуштибонияш аз Гурҷистон, ки соли 2008 вориди даргирӣ бо Русия шуда буд, ба Тифлис сафар кард. Лех Качинскӣ барои идомаи мубориза омода буд. Интизор мерафт, ӯ дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ, ки бояд тирамоҳи соли равон баргузор мешуд, ширкат намояд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG