Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев 12 апрел Рӯзи мотами миллӣ эълон кард


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, 12 апрелро Рӯзи мотами миллӣ ба ёди қурбониёни суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленск эълон кард. Ӯ аз тариқи шабакаи телевизионии Русия 24 суханронӣ кард ва ба мардуми Лаҳистон дар робита ба ҳалокати раисиҷумҳур Лех Качинский изҳори ҳамдардӣ намуд.
Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико низ, дар робита ба ҳалокати сарвари Лаҳистон Лех Качинский изҳороти вижа пахш кард. Дар ин изҳорот гуфта шудааст, ки ҳалокати Качинский “талафоти бузург барои Лаҳистон, ИМА ва олам аст”. Ба гуфтаи Обама, Качинский ходими бузурги давлатӣ буд, ки дар ҷунбиши “Ҳамдилӣ” (“Солидарность”) нақши калидӣ дошт. Сарвари Амрико дар изҳороти вижаи худ ҳамчунин ишора кардааст, дар Амрико Лех Качинский ҳамчунин раҳбаре, ки умри худро сарфи арзишҳои демократӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар кардааст, аз эҳтироми бузург бархурдор буд.
Раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский ва гурӯҳи бузурги сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ субҳи рӯзи шанбе бар асари суқути ҳавопаймо дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленски Русия ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расмӣ, ҳавопаймои ТУ-154 ҳангоми фуруд омадан ба шохаҳои дарахтони канори фурудгоҳ бархурдааст. Гуфта мешавад, халабонҳои ҳавопаймо барои фуруд омадан дар ҳоле тасмим гирифтанд, ки минтақаро туман печонида буд. Тибқи иттилоъи ахир, дар ин ҳодиса 96 нафар, 88 мусофир ва 8 халабону роҳбаладҳои ҳавопаймои ТУ-154 ҷон бохтаанд.
Қарор буд, ки рӯзи шанбе Лех Качинский дар маросими ёдбуди қурбониён дар маҷмааи ёдгории “Хатин” дар вилояти Смоленск ширкат кунад. Бронислав Коморовский, раиси парлумони Лаҳистон, ки баъд аз ҳалокати Качинский раёсати кишварро муваққатан бар дӯш дорад, бояд тайи 14 рӯзи оянда санаи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG