Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳалокати Качинскийро "талафоти бузург" хонд


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар робита ба ҳалокати сарвари Лаҳистон Лех Качинский изҳороти вижа пахш кард. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки ҳалокати Качинский “талафоти бузург барои Лаҳистон, ИМА ва олам аст”. Ба гуфтаи Обама, раисиҷумҳур Качинский ходими бузурги давлатӣ буд, ки дар ҷунбиши “Ҳамдилӣ” (“Солидарность”) нақши калидӣ дошт. Сарвари Амрико дар изҳороти вижаи худ ҳамчунин ишора кардааст, дар Амрико Лех Качинский ҳамчунин раҳбаре, ки умри худро сафри арзишҳои демократӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар кардааст, аз эҳтироми бузург бархурдор буд.
Раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский ва гурӯҳи бузурги сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ бар асари суқути ҳавопаймо дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленски Русия ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расмӣ, ҳавопаймои ТУ-154 ҳангоми фуруд омадан ба шохаҳои дарахтони канори фурудгоҳ бархурдааст. Гуфта мешавад, халабонҳои ҳавопаймо барои фуруд омадан дар ҳоле тасмим гирифтанд, ки минтақаро туман печонида буд. Тибқи иттилоъи ахир, дар ин ҳодиса 96 нафар, 88 мусофир ва 8 халабону роҳбаладҳои ҳавопаймои ТУ-154 ҷон бохтаанд.
Қарор буд, ки имрӯз Лех Качинский дар маросими ёдбуди қурбониён дар маҷмааи ёдгории “Хатин” дар вилояти Смоленск ширкат кунад. Бронислав Коморовский, раиси парлумони Лаҳистон, ки баъд аз ҳалокати Качинский раёсати кишварро муваққатан бар дӯш дорад, бояд тайи 14 рӯзи оянда санаи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кунад. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, сарвазири кишвар Доналд Туск рӯзи шанбе нишасти фаврии кобинаи вазиронро доир кард.
XS
SM
MD
LG