Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоирони ҷавон ва коҳиши таваҷҷӯҳ ба шеър


Набиюллоҳ Суннатӣ, шоири ҷавони тоҷик

Набиюллоҳ Суннатӣ, шоири ҷавони тоҷик

Шоирону нависандагони ҷавони шаҳри Хуҷанд аз он гила мекунанд, ки мушкили молӣ имкон намедиҳад, то эҷодиёти худро нашр ва пешкаши ҳаводорон созанд.

Набиюллоҳ Суннатӣ, яке аз ин шоирони ҷавон аст, ки маҳсули эҷоди худро тариқи саҳифаи хусусӣ ё блоги интернетӣ пешкашӣ мухлисони шеъру тарона мекунад.

Маҳз ин блог, ки “Тӯфони ишқ” номгӯзорӣ шудааст, ӯро миёни ҷавононе, ки ба интернет ошноӣ доранд, чун як шоири навқаламу ҷавон муаррифӣ кардааст.

Вай мегӯяд, “мояи афсус аст, ки имрӯз ба ҷавонони қаламкаш таваҷҷӯҳ камтар ба назар мерасад ва ин сабаби дилсардии эшон аз нигоштану аз қаламу аз эҷод шудааст”.

Набиюллоҳ Суннатӣ, ки то ин замон чанд китобҳои худро таҳти «Ҳасрати пок» ва «Зиндагӣ аз ман рабуда» ба нашр расонидааст, мегӯяд, бидуни маблағи кофӣ ва ё пуштибоне дарҷ кардани китоб барои як шоири ҷавон кори басо мушкил будааст.

Вай афзуд, «шоирони ҷавоне, ки қалами зебову вораставу мондагор доранд ва килки эшон хеле бурранда аст, зиёданд, аммо, мутаасифона, чунин шоирон маблағ надоранд ,то маҳсули эҷоди худро пешкаши ҳаводоронашон гардонанд”.

Фирдавси Аъзам, шоири дигари суғдӣ, 25 сол дорад ва мегӯяд, дар шароите, ки мардум дар фикри пешбурди зиндагии хешанд ва таваҷҷӯҳ ба шеъру шоирӣ ва мутолиа кам аст, муаррифӣ шудани шоирони ҷавон душвор аст.

Фирдавс мегуяд, ҳаргиз худро шоир намеҳисобад ва танҳо зиндагии сангини мардум ӯро водор мекунад то қалам ба даст бигирад ва ба ин васила то андозае дилашро таскин бахшад.

Аммо, мегуяд ӯ, зиёд шоирони ҷавонеро мешиносад, ки шеърашон инъикосгарӣ дарду доғи мардум аст, вале ашъори худро рӯи чоп оварда наметавонанд.

Муҳаққиқи ҷавон Субҳони Аъзамзод мегӯяд, ки бо дигар шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар таваҷҷӯҳ ба шеъру шоири ҳам кам шудааст.

Бо ин вуҷуд шоири ҷавон Фирдавси Аъзам ният дорад, дар рӯзҳои наздик маҷмуаи шеърҳояро зери унвони «Абрҳои обӣ» ба табъ расонад, ки инъикоскари зиндагии имрӯзаи кишвар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG