Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрдҳо бар Бангкок 90 нафар маҷрӯҳ шуданд


Дар Бангкок миёни низомиён ва ширкаткунандагони намоишҳои зиддиҳукуматӣ задухурд ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он беш аз 90 нафар осеб диданд. Ба иттилоъи расмӣ, ду тан аз низомиён дар ҳоле ҷароҳат бардоштанд, ки мехостанд аз намоиши мухолифин дар назди купруки Пан Фах дар минтақаи бостонии пойтахти Таиланд ҷилавгирӣ кунанд. Намоишҳои эътирозӣ дар Таиланд тақрибан як моҳ боз идома доранд ва аммо то рӯзи шанбе ягон ҳодисаи марбут ба хушунат сабт нашуда буд. Ҷонибдорони сарвазири пешини Таиланд Таксин Шиноват истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумониро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG