Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба маҳбаси Илам аз гранатомёт тир андохтанд


Афроди ношинос ба як маҳбаси воқеъ дар ҷанубу ғарби Эрон аз грантомёт тир андохтаанд. Ба иттилоъи расонаҳои эронӣ, дар ин зарба ба маҳбаси шаҳри Илам се тан аз муҳофизон кушта ва 16 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Азиз Ибодӣ, сарҳанги полиси маҳаллӣ гуфт, ки баъд аз тирандозӣ се тан аз маҳбусон аз зиндон фирор кардаанд. Яке аз онҳо баъдан боздошт ва дубора ба маҳбас интиқол дода шуд. Мақомоти Эрон ҳадс мезананд, ки ҳадаф - рахна кардани девори маҳбас барои фирори маҳбусон буд.
XS
SM
MD
LG