Пайвандҳои дастрасӣ

Филми коргардони украинӣ Сергей Струсовский таҳти унвони «Девонаавзоъ» имрӯз, 9 апрел, ҷашнвораи байнулмилалии «Синамо-марзҳои боз» дар Душанберо ифтитоҳ кард.

Толори кинотетри Ҷомӣ пойтахт, ки макони баргузории ин ҷашнвора қарор дода шудааст, аз ҳисоби сокинони пойтахт, хусусан мардуми русзабон пур буд ва дар миёни тамошобинон аҳли ҳунар, коргардонҳо, актёрон ва санъатшиносон низ ҳозир буданд.

Филми бадеии «Девонаавзоъ» аз сарнавишти Александра ном духтараки ҷавоне қисса мекунад, ки дар оламии поку беолоиши пур аз орзуву армонҳои наврасии худ зиндагӣ карда ба оламу одам, хусусан ашхоси оддӣ ва фақиру танҳо, дилбастагӣ дорад ва ба онҳо дасти кумак дароз мекунад.

Александра маҳорати худододи рассомӣ дорад ва қаҳрамонҳои асосии мусаввараҳояш танҳо одамони оддӣ ва симоҳову манзараҳое аз хобҳову руъёҳои ӯ мебошанд.

Лаҳзаҳои ҳузнангезу риққатовари филм ҳамон лаҳзаҳоеанд, ки Александраи соддадилу фариштаосо, ба масал, ҳамчун луқмае дар даҳони беадолатиҳову фисқу фуҷури ҷемеа меафтад ва аз одаму олам дилмондаву дучори яъсу ноумедӣ мегардад. Ва ягона чизе ки ӯро аз банди ҳама ин разолату беинсофиҳо то андозае берун мекашад, боварӣ ба худ ва ҳунари рассомӣ будааст.

Сергей Струсовский, коргардони филми "Девонаавзоъ"
Ҳозирин филми мазкурро бо майлу рағбати зиёд тамошо карда, анҷоми онро бо кафзанӣ ва рӯи саҳна хонадани коргардони филм истиқбол карданд.

Пас аз тамошои филм меҳмонони ҷашнвораи «Синамо: марзҳои боз» нишасти матбуотӣ ороста ба суолҳои хабарнигорон ва ҳозирин посух доданд.

Коргардони филми «Блаженная» ё «Девонаавзоъ» Сергей Струсовкий ба суоли хабарнигорон, ки оё чаро маҳз чунин мавзӯъро интихоб кардааст, гуфт, мутаассифона, дар замони муосир арзишҳои инсонӣ ба монанди покдилӣ, муҳаббату эҳтиром ба якдигар, фурутаниву хоксорӣ, басо камёфт гаштааст.

Вай афзуд ҳадафи аслии ӯ аз сохтани чунин як филм ҳамин будааст, ки тамошобинро ба андеша водор созад. Оқои Струсовкий афзуд, «мутаассифона, ананаҳои пешини филмсозӣ ҳоло бисёр махлут гаштаву вазифаи аслии худро, ки тарбияи инсон, коштани тухми некиву накукорӣ, сулҳу субот дар ҷомеа ва дар миёни инсонҳост, то андозае фаромуш кардааст».

Вай гуфт, «хушбахтона, ман, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадам, аз пазироӣ ва хулқу атвори мардуми тоҷик ва фазои хайрхоҳонаи доираҳои ҳунарии ин мардум донистам, ки беҳтарин арзишҳои инсонӣ дар ин ҷо боқӣ мондаанд ва онҳоро бояд азиз дошт».

Яке аз меҳмонони ҷашнвора ва бозигари яке аз нақшҳо дар филми «Балаженная» Оксана Бурлай гуфт, ҳадаф аз ташкили чунин ҷашнвораҳо баъди чандин солҳои ҷудоӣ, аз нав ба ҳам бастани ҳалқаҳои гусастаи ҳамкориҳо миёни филмсозони кишварҳои собиқ шуравӣ мебошад.

Оксана Бурлай, бозигари филми "Девонаавзоъ"
Хонум Бурлай афзуд, ӯ ва ҳамтоёнаш бо коргардони машҳур Валерий Аҳадов дӯстиву ҳамкории хубе доранд, вале танҳо ҳоло донистааст, ки Валерий Аҳадов ва Бахтиёр Худоназаров тоҷик ва зодаи ин сарзамин будаанд. Хонум Бурлай инчунин гуфт, агар ӯро ба ягон филми тоҷикӣ барои нақшофарӣ даъват намоянд, бо камоли майл розӣ мешавад.

Дар робита ба филми «Девонавзоъ» мо бо чанде аз тамошобинон низ сӯҳбат доштем. Муҳаббат Сатторӣ, коргардони тоҷик, аз ин филми сохтаи ҳамтоёни русаш истиқбол кард ва гуфт, «филм ба ман бисёр писанд омад. Чуноне ин ҷо коргардон гуфт, ин филм танҳо бо як камера наворбардорӣ шудааст. Ман ҳайрон шудам, ки бо як камера ҳамин қадар кадрҳои бузургу зеборо гирифта тавонистаанд. Ва фалсафаи филм ҳам бисёр ҷолиб буд».

Аммо Маррат Орипов, ҳунарманди машҳури кино, офарандаи нақши Рудакӣ дар филми «Тақдири шоир», гуфт, хатти сужаи филми «Девонаавзоъ» барояш писанд омадааст, вале аз ҷиҳати касбият таҳиягорони он ба чанд нуқсон роҳ додаанд.

Вай афзуд, «аранжировкаи мусиқӣ ба қаҳрамони филм духтараки бисёр нозук ва нармгуфтор мувофиқат накардааст ва дар бисёр ҷойҳои филм баланди мусиқӣ садои қаҳрамонро пахш мекунад ва шунида намешавад, ки ӯ чӣ мегӯяд».

Ҷашнвораи «Синамо: марзҳои боз» дар Душанбе то 12 апрел идома меёбад. Дар ин фестивал Тоҷикистон филмҳои худро пешниҳод накардааст ва танҳо масъулияти мизбонии ин ҷашнвораро бар душ дорад.

Ба ҷуз филми «Балженная»-и Сергей Струсовкий ҳаводорони синамои рус дар ин рӯзҳо инчунин филми «Черная молния»-и коргардон Александр Войтинский, «Одна война»-и коргардон Вера Глаголева, «Пасажирка»-и Валерий Говорухин, «Дунечка»-и коргардон Александр Ефреймов, «Инсайт»-и коргардон Рената Грискова, «Прикованний»-и коргардон Валерий Рибарев», «Мелодия для шарманки»-и коргардон Кира Муратоваро метавонанд тамошо кунанд.
XS
SM
MD
LG