Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти вакили дифои Ботақозиев ба додгоҳ


Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи башари қирғиз, як моҳ боз дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад

Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи башари қирғиз, як моҳ боз дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад

Вакилони дифои Неъматулло Ботақозиев, як фаъоли ҳуқуқи башари Қирғзистон, ки дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққати шаҳри Душанбе нигаҳ дошта мешавад, алайҳи мақомоти интизомии ин кишвар ба додгоҳ шикоят бурдаанд.

Хабари шикоят алайҳи маъмурони амниятӣ ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо масъулони намояндагии Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон таъйид карданд.

Умар Яҳёев, корманди шӯъбаи ҳуқуқии намояндагии Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон, дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки иллати ба додгоҳ шикоят овардани вакили дифои Неъматулло Ботақозиев ғайриқонунӣ боздошт шудани нафари зери ҳимояаш ва радди дархости вакили мудофеъ барои мулоқот бо ӯст.

Норозигии вакилони дифоъ

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, бо гузашти тақрибан ду моҳ аз замони боздошти Неъматулло Ботақозиев маҳалли нигаҳдории ӯро маълум намекунанд ва иҷозаи мулоқот бо вакили дифоъро низ барояш надоданд.

Ин дар ҳолест, ки Абдуқаюм Юсуфов, як тан аз вакилони дифои тоҷик, мегӯяд, на мақомоти бозрасӣ ва на дигар ниҳоде, ки барои боздошти ин нафар иҷоза додааст, ҳақ надоранд, ки барои мулоқоти адвокат бо нафари зерҳимоя монеа гузоранд. Ба хусус, ки баъд аз мавриди иҷро қарор додани қонуни ҷадиди мурофиавӣ дар Тоҷикистон аз оғози моҳи ҷорӣ салоҳият ва ҳуқуқҳои вакили дифоъ хеле боло шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъйиди Умар Яҳёев, корманди Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон Додситонии кулли ин кишвар низ ба шикояти онҳо дар бораи шароити боздошти Неъматуло Ботақозиев посух надодааст.

Бархе аз созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар, чанде қабл аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, ки Неъматулло Ботақозиевро ба мақомоти Қирғизистон таслим карда накунанд.

Ҳабси паноҳҷӯ

Неъматулло Ботақозиев 43 сол дорад ва аз соли 2004 дар созмонҳои дифои ҳуқуқи башари Қирғизистон фаъолият кардааст. Дар соли 2008 мақомоти Қирғизистон дар баробари аъзои Ҳизбуттаҳрир 30 корманди созмони «Адолати додгоҳӣ-Ҳақиқат» - созмонеро, ки оқои Ботақозиев дар он кор мекард, дар созмондеҳии тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам карданд.

Ботақозиев ночор шуд ба зиндагии ғайриошкоро рӯ оварад ва ҷиҳати раҳоӣ аз таъқиби мақомот аз аввали соли 2010 бо зан, се фарзанд ва бародараш ба Тоҷикистон омад.

Аммо рӯзи 26 феврал дар шаҳри Душанбе баъд аз хуруҷ аз бинои дафтари комссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ӯ бе ному нишон шуд ва танҳо 15 март маълум шуд, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатие дар Душанбе ба сар мебарад.

То вуқӯи ҳаводиси ахир дар Қирғизистон эҳтимоли истирдоди ӯ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон истисно намешуд, вале ҳоло, ки авзоъ дар ин кишвар дигаргуна шудааст, ин имкон вуҷуд дорад, ки дар сурати надоштани кадом даъвое аз ҷониби мақомоти интизомӣ ӯ ба озодӣ барояд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG