Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар "дипломати шӯх"-ро аз ИМА бозхонд


Вазорати умури хориҷаи ИМА аз тасмими Қатар барои бозхонди як дипломаташ аз Амрико истиқбол кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, корманди сафорати Қатар Муҳаммад ал-Мудадӣ, ки аз Вошингтон ба Денвер парвоз мекард, дар ҳуҷраи дастшӯии ҳавопаймо сигор мекашид. Роҳбаладҳо бӯи дудро эҳсос карда дари ҳуҷраро боз карданд. Ал-Мудадӣ дар посух ба суоли онҳо онҳо гуфт, ки талош кардааст то пойафзоли худро оташ занад. Дипломати қатарӣ бо гумони ташкили ҳамлаи террористӣ билофосила боздошт шуд. Муфаттишон баъд аз сӯҳбат бо Ал-Мудадӣ ӯро бегуноҳ хонданд ва раҳо карданд. Ва аммо мақомоти Қатар қазияро ҷиддӣ гирифтанд ва эълом доштанд, ки дар Амрико боқӣ мондани “дипломати шӯх” мувофиқи матлаб нест.
XS
SM
MD
LG