Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тайиди ҳалокати Лех Качинский аз сӯи Варшава


Баъд аз ҳалокати раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский бар асари суқути ҳавопаймо дар шаҳри Смоленски Русия, Раиси Сейми кишвар Бронислав Коморовский муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро бар дӯш гирифт. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, сарвазири кишвар Доналд Туск нишасти фаврии кобинаи вазиронро доир мекунад.
Ҳавопаймои ТУ-154 субҳи имрӯз дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленск суқут кард. Сергей Антуфев, волии вилояти Смоленски Русия ба шабакаи телевизионии Россия-24 гуфт, ки ҳавопаймо ҳангоми нишастан ба шохаҳои дарахтони канори фурудгоҳ бархурдааст. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Русия, ин ҳодиса субҳи имрӯз дар ҳоле рух дод, ки минтақаро туман печонида буд. Бар сари суқути ҳавопаймо ҳамаи 130 сарнишини ТУ-154 ба ҳалокат расидаанд.
Бар пояи хабарҳо аз Варшава, миёни мусофирони ҳавопаймо чанд вазири ҳукумати Лаҳистон ва номзад ба мақоми раисиҷумҳур Ежи Шмайдзинский низ буданд. Қаблан вазорати умури хориҷаи Лаҳистон хабар дода буд, ки дар ин сафар Лех Качинскийро хонумаш, раиси ситоди артиши Лаҳистон, муовини вазири умури хориҷаи Анджей Кремер ва чанд мансабдори воломақоми дигар ҳамроҳӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG