Пайвандҳои дастрасӣ

Волии Смоленск ҳалокати Качинскийро тайид кард


Сергей Антуфев, волии вилояти Смоленски Русия, изҳор намуд, бар асари суқути ҳавопаймои ТУ-154, ки миёни мусофиронаш раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский низ буд, касе ҷон ба саломат набурдааст. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Россия-24, ӯ гуфт, ки ҳавопаймо ҳангоми фуруд ба шохаҳои дарахтони канори фурудгоҳ бархурдааст. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Русия, ин ҳодиса субҳи рӯзи шанбе дар ҳоле рух дод, ки минтақаро туман печонида буд.
Хабари суқути ҳавопаймо ва бар асари он ба ҳалокат расидани ҳама сарнишинҳоро вазорати умури хориҷаи Лаҳистон низ тайид кард. Сарвазири кишвар Доналд Туск нишасти фаврии кобинаи вазирон дар Варшаваро даъват намуд.
Қарор буд, ки имрӯз Лех Качинский аз маҷмааи ёдгории “Хатин” дар вилояти Смоленск зиёрат кунад. Дар ин сафари инфиродӣ раисиҷумҳурро хонумаш, раиси ситоди артиши Лаҳистон, муовини вазири умури хориҷаи Адржей Кремер ва чанд мансабдори воломақоми дигар ҳамроҳӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG