Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти фирории Қирғизистон ба истеъфо омода аст


Қурмонбек Боқиев

Қурмонбек Боқиев

Президенти фирории Қирғизистон Қурмонбек Боқиев эълом кардааст, ки омодааст бо раҳбарияти ҳукумати муваққатӣ гуфтушунид анҷом диҳад ва масъалаи ба истеъфо рафтанро баррасӣ кунад.

Қурмонбек Боқиев, ки дар махфигоҳе дар вилояти Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, ба сар мебарад, зимни як сӯҳбат бо хабарнигори Би-Би-Си гуфтааст, аз он бим дорад, ки дар сурати бозгашт ба Бишкек кушта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон Роза Отунбоева дирӯз дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, амри ба ҳабс гирифтани президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиевро имзо кардааст.

Ба гуфтаи хонум Отунбоева, Қурмонбек Боқиев тақозои мухолифин дар мавриди истеъфо додан аз мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро рад кардааст. Раиси ҳукумати муваққатӣ таъкид кардааст, ки бо раисиҷумҳури барканоршуда музокироте сурат нахоҳад гирифт ва Боқиев метавонад қаламрави Қирғизистонро тарк кунад.

Боқиев: Тазоҳурот кори дасти бегонагон аст

Раисиҷумҳури барканоршуда гуфтааст, нооромиҳои ахир дар Қирғизистон, ки дар он беш аз 70 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шуд, амалиёти пинҳонии комилан созмонёфтае буд, ки бо дахолати хориҷӣ сурат гирифт.

Вале вай аз ном бурдани кишваре худдорӣ кардааст.

Маросими хоксупории қурбониёни тазоҳурот


Имрӯз дар Бишкек маросими хоксупории қурбониёни задухӯрдҳои ҳафтаи ахир бо ширкати ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар сурат гирифт.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, дар задухӯрдҳои рӯзи чаҳоршанбе дастикам 75 нафар кушта ва беш аз 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Роза Отунбаева, раҳбари давлати худхонда, дар ин маросим суханронӣ кард ва афроди кушташударо «қаҳрамонони воқеии Қирғизистон» номид. Вай гуфт, ки ҳафтуми апрел дар кишвараш ҳар сол ҳамчун рӯзи хотираи қурбониён ёд хоҳад шуд.

Хонум Отунбаева гуфт, ба хонаводаҳои қурбониён ва зарардидагон ҳукумат кумакҳои молӣ хоҳад кард.

Барои поси хотири қурбониёни нооромиҳои ахир 9-ум ва 10-уми апрел дар Қирғизистон Рӯзҳои мотам эълон шудааст.

Тафсилоти рӯйдодҳои рӯзи ҷумъаи Қирғизистон
Тафсилоти рӯйдодҳои рӯзи панҷшанбе

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG