Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии Обама аз Карзай


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи ҷумъа ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзайро “ як ҳамкори муҳим” дар ҷанг алайҳи шабакаи Ал-Қоида номид. Аммо Обама ба телевизиони амрикоии АВС гуфт, Карзай дар сиёсати дохилиаш бо чолишҳое рӯбарӯст.
Ин баёнияи Обама ба дунболи сӯҳбатҳои ахири Ҳомиди Карзай аст, ки хориҷиёнро ба дахолат дар умури Афғонистон айбдор карда, хашми Вошингтонро барангехт.
Амрико мегӯяд, умедвор аст, ки мулоқоти Обама ва Карзай тибқи барнома моҳи май баргузор хоҳад шуд. Вошингтон қаблан гуфта буд, дар сурати идомаи сӯҳбатҳои зиддиғарбии Карзай имкони лағви ин мулоқотро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG