Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати парлумони Лаҳистон роҷеъ ба фоҷиаи Катин


Парлумони Лаҳистон аз Русия даъват кард, тамоми асноди марбут ба қатли омми афсарони лаҳистонӣ дар соли 1940 дар Катин ва мавзеъҳои дигарро нашр кунад. Ин тақозо бахши эъломияест, ки ба солгарди 70-уми қатли омми 22 000 маҳбусони ҷанги лаҳистонӣ аз сӯи режими Иосиф Сталин ихтисос ёфтааст. Вакилони парлумони Лаҳистон гуфтаанд, сулҳу оштиро метавон танҳо бар пояи эҳтиром ба ҳақиқат сохт. Онҳо ҳузури сарвазири Русия Владимир Путин дар маросими ёдбуди қурбониёни Катинро як аломати муҳим хонданд.
XS
SM
MD
LG