Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳамлаи интиҳорӣ дар Ингушистон


Як зани бомбгузори маргталаб дар ҷумҳурии Ингушистони Русия болои нирӯҳои амниятӣ ҳамла кардааст. Бино ба хабарҳо, ин зан вақте худро тарконд, ки нирӯҳои амниятӣ дар як рустои Ингушистон ба хотири боздошти чирикиҳо амалиёти ҷустуҷиеро ба роҳ андохтанд. Бар асари ин ҳамла як афсар кушта шудааст.
Дар ҳафтаи гузашта ду зани маргталаб худро дар ду истгоҳи метрои Маскав мунфаҷир карданд, ки мунҷар ба ҳалокати 40 нафар шуд. Ба дунбол бар асари бомбгузориҳои интиҳорӣ дар Доғистон 12 нафар кушта шуд. Масъулияти таркишҳои Маскавро ҷудоиталабони чечен бар ӯҳда гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG