Пайвандҳои дастрасӣ

Камисиюи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба шикояти Шокирҷон Ҳакимов, собиқ номзади Ҳизби сотсиал - демократ ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Конибодом посухи рад додааст.

Шокирҷони Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, аз КМИР тақозо мекард, ки интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза бо тақаллуб доир шудааст ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бояд натоиҷи он бекор эълон кунад.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки асноди ҷамъбастии комиссияи ҳавзавӣ дар ин ҳавза нодурустии шикояти Шокирҷон Ҳакимовро таъйид кардааст ва аз тарафи дигар оқои Ҳакимов баъди гузашти мӯҳлати даъво шикоят овардааст.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, замоне, ки ӯ шикоят пеш овард, ҳанӯз ин мӯҳлат боқӣ буд. Вале, меафзояд ӯ, бар пояи қонун мебоист КМИР посухи худро дар шакли қарори ҳайати КМИР ба ӯ ирсол мекард. Зеро номаи КМИР санади расмӣ ҳисоб намешавад ва додгоҳ низ дар асоси он ба амале даст нахоҳад зад.

Дар ҳамин ҳол Воҳидхон Қосиддинов, раиси Ситоди интихоботӣ дар ҲНИТ, низ гуфт, то имрӯз шаш марҳилаи шикоят ва мубоҳисоти онҳо бо Додгоҳи олӣ ва КМИР дар робита ба интихобот кадом натиҷа ба бор наовардааст.

Намояндаи ҲНИТ гуфт, ки ин ҳизб боз ҳам шикояти худро дар бораи тақаллубкориҳо дар интихоботи парлумонӣ дар марҳалаҳои болоии Додгоҳ идома хоҳад дод. Вале иқдомоти баъдии ҳизб дар иртибот ба ин интихобот аз ҷумла ташкили гирдиҳамоӣ, раҳпаймоӣ ва қатъи ширкати намояндагонаш дар Маҷлис ҳамчунон сарфи назар нашудааст.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо пирӯзии мутлақи Ҳизби ҳокими халқ-демократӣ анҷом шуд. Аммо натоиҷи он аз сӯи аҳзоби мухолиф зери суол гузошта шуд. Ҳамчунин САҲА ва нозирони он низ ин интихоботро ҳамроҳ бо тақаллуб ва пур аз иштибоҳ ва ғайридемкоратӣ арзёбӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG