Рӯзи шанбе дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо тими меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва дастаи мизбон - «Истиқлол»-и Душанбе бо тими «Энергетик»-и Душанбе қувваозмоӣ мекунанд.
Ду бозии дигари даври дуввум рӯзи якшанбе байни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода баргузор хоҳад шуд.
Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар ин давр истироҳат мекунад.
Ҳоло пас аз натиҷагирии даври аввали мусобиқа дастаҳои «Парвоз» ва «Регар» ТадАЗ сеимтиёзӣ ба даст овардаанд. ССКА «Помир», «Хайр», «Хуҷанд» ва «Энергетик» якимтиёзӣ гирифтаанд. Дастаҳои «Вахш» ва «Равшан» имтиёз надоранд. «Истиқлол» ҳанӯз бозӣ накардааст.