Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми ифтитоҳи "Маҷрои шимолӣ" доир шуд


Имрӯз дар шаҳри Виборги Русия расми ифтитоҳи сохтмони хатти аввал аз ду хатти лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ” барпо шуд. Ин лӯла аз зери баҳри Балтик то ба Олмон кашида хоҳад шуд.
Дар ин маросим раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, сарвазири Ҳолланд Ян Петер Балкененде ва куммиссари энержии ИА Гюнтер Оттингер ширкат карданд. Медведев дар Виборг гуфт, “Маҷрои шимолӣ барои нахустин бор интиқоли мустақими гази Русия ба Аврупои ғарбиро, бидуни убури кишварҳои транзитӣ таъмин мекунад.”
Иқтидори лӯла 55 миллиард метри мукааби газ дар сол ва тӯлаш 1222 километр буда, хатти аввали он соли оянда ва хатти дуввумаш дар соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Мухолифони тарҳи “Маҷрои шимолӣ" мегӯянд, ин барнома ба Русия имкон хоҳад дод, интиқоли газро ба кишварҳои ҳамҷавор бидуни осеб ба бозори гази Аврупои ғарбӣ қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG