Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти марзбонӣ ва пулис дар ноҳияи Исфара гурӯҳи сарҳадбонони қирғизро, ки ба сокинони деҳаи Ворух ҳамла карда буданд, боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара иттилоъ дод, ки гурӯҳи марзбонони қирғиз пас аз истинтоқ ба мақомоти Қирғизистон супурда шудаанд.

Гурӯҳи 8-нафарии марзбонони қирғиз рӯзи чоршанбеи 7-уми апрел дар канори деҳкадаи наздимарзии Ворухи ноҳияи Исфара якчанд манзили чӯпонҳои тоҷикро хароб карда, ду нафарро боздошт карда буданд.

Марзбонони қирғиз иддао кардаанд, ки маҳалли манзилҳои чӯпонҳои тоҷик қаламрави Қирғизистон аст ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи истифода аз ин пораи заминро надоранд.

Вале сокинони деҳаи Ворух иддаои афсарони қирғизро беасос меноманд ва мегӯянд, ин пораи замин ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Нарзуллоҳи Азизиён, як сокини деҳаи Ворух, гуфт маҳалле, ки манзилҳои чӯпонҳои тоҷик бунёд шудааст, ҳамеша дар ихтиёри сокинони ин деҳа будааст.

Ба гуфтаи сокинони Ворух, муноқиша бо боздошти марзбонони қирғиз анҷом ёфтааст ва ҳоло вазъ дар ин минтақа ором аст. Ба гуфтаи онҳо, равуои мардум тавассути сарҳад ба маҷрои пешина аст ва ягон тағйироте дар гузаргоҳҳои марзӣ нашудааст.

Ворух яке аз деҳкадаҳои ноҳияи Исфара аст, ки аз чаҳор тараф бо замини Қирғизистон иҳота шудааст. Дар ин минтақа то ҳол хатти сарҳади ду кишвар марзбандӣ нашудааст. Аз ин рӯ баҳсҳо сари мавзӯи хатти марз байни сокинони ду ҷониби марз пайваста сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG