Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сохтмони "Маҷрои шимолӣ" имрӯз оғоз меёбад


Имрӯз дар шаҳри Виборги Русия дар ҳузури раиси ин ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ва куммисари энержии ИА Гвинтер Оттингер расми ифтитоҳи сохтмони лӯлаҳои гази “Маҷрои шимолӣ” барпо мешавад. Ин лӯлаҳо, ки ҳазинаи эҳдосашро “Газпром”-и Русия ва ширкатҳои Олмону Ҳолланд бар ӯҳда доранд, гази Русияро тавассути ду хатт аз зери баҳри Балтик ба Олмон хоҳад расонд. Тӯли лӯлаҳо 1220 километр буда, хатти аввалаш бояд то поёни соли оянда ва хатти дуввумаш дар соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ин ду хатт қодир ба интиқоли 55 миллиард метри мукааби газ дар сол хоҳад буд.
Мухолифони тарҳи “Маҷрои шимолӣ”, аз ҷумла Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик, мегӯянд, ин барнома ба Русия имкон хоҳад дод, интиқоли газро ба ин кишварҳо бидуни осеб ба бозори гази Аврупои ғарбӣ, қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG