Пайвандҳои дастрасӣ

Ду рӯзи мотам барои қурбониёни ошӯбҳои Қирғизистон


Имрӯз садҳо нафар дар маркази Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба хотири гиромидошти қурбониёни ошӯбҳои ахири сиёсӣ гирдиҳам омаданд. Ин ошӯбҳо дастикам 75 кушта ба ҷо гузошт ва раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиевро маҷбур ба фирор кард. Дар Қирғизистон ба ёди ин қурбониҳо 2 рӯзи мотам эълон шудааст. Намояндагони мухолифин худро раҳбарони нави кишвар эълон карда, мегӯянд, назорати вазъро дар даст доранд, вале Боқиев, ки ба ҷануби Қирғизистон фирор кардааст, тарки довталабона аз мақомро радд кардааст.
Рӯзи панҷшанбе сарвазири Русия Владимир Путин бо раҳбари маъмурияти нави худхондаи Қирғизистон сӯҳбати телефонӣ дошт ва ба ӯ кӯмаки Русияро пешниҳод кардааст.
Мақомоти муваққат мегӯянд, имрӯз як ҳайъат таҳти раҳбарии муовини раиси ҳукумати муваққат Алмосбек Ҳотамбоев ба хотири дарёфти кӯмакҳои иқтисодӣ роҳии Маскав шуд.
Дар Вошингтон, вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Амрико ҷонибгирӣ намекунад ва мақомоти амрикоӣ ҳам бо намояндагони мухолифин ва ҳам бо мақомоти давлати Боқиев дар тамос мебошанд. Дар Қирғизистон ҳам Амрико ва ҳам Русия пойгоҳи низомӣ доштанд. Амрико аз маркази транзитӣ дар пойгоҳи ҳавоии Манас ба хотири кӯмак ба амалиётҳои байналмилалӣ дар Афғонистон истифода мебурд.
XS
SM
MD
LG